Имрӯз дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони “Виҷдону имонам Ватан аст” вохӯрии намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, комиссари вилояти Суғд генерал -майор Солеҳзода Умедҷон ва дигар намояндагони воломақоми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёну омӯзгорон ширкат намуданд.
Чорабиниро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки ватандӯстӣ бузургтарин хислати мардонагӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар мулоқот сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон роҷеъ ба уҳдадориҳои ҳарбӣ ва қарзи шаҳрвандӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз барои иҷрои рисолати бузурги меҳандӯстӣ барои ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст…
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки тамоми шароит барои иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст ва ҷавонон метавонанд аз шароиту имконоти мавҷуд саривақт ва бо дилу дидаи поку номуси баланди ватандӯстӣ истифода созанд.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, ба меҳмонон ҷиҳати ташриф ва мулоқоти судманд дар масири меҳанпарастӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати ҳамкории Вазорати мудофиа бо Парки технологии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, истифодаи неруи зеҳнии ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада ва бозбинӣ намудани сабукиҳо дар иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои алоҳидаи Донишкада, ҳамзамон тақвият додани ҳамкориҳо барои истеҳсоли таҷҳизот ва технологияҳои муосири низомӣ як қатор пешниҳод дод.
Дар мулоқоти имрӯза донишҷӯи бахши чаҳоруми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кӯҳзод Раҳимӣ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки омодааст, пас аз хатми Донишкада бо сари баланд уҳдадории шаҳрвандии хешро иҷро намояду ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипайвандад.
Ёдовар мешавем, ки намоиш дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҷавононро дар роҳи меҳандӯстиву созандагӣ ва шарафи мардӣ рӯҳбаланд сохт.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов




