Имрӯз, тибқи дастури раёсати донишкада декани факултети металлургия бонуи фаъол ва пешгом, зани меҳандӯст ва омӯзгори асил дотсент Собирова Шукриниссо бо ҳамроҳии муовини декан оид ба корҳои тарбия Бақоев Беҳзод аз рафти баргузории машғулиятҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои академӣ боздид ба амал оварданд, ки дар ин бора аз садорати факултети металлургия ба шуъбаи иттилоот хабар доданд.
Зимни санҷиш ҳолати ҳозиршавии донишҷӯён ба дарсҳо, сатҳи иштироки фаъол дар раванди таълим, риояи тартибот ва низоми дохилидонишкадавӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ, донишу азхудкунии дарсҳо аз ҷониби донишҷӯён, шароиту имконияти мавҷуда, истифода аз аёниятҳои таълимӣ, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор карда шуд ва дар ин вохӯриву суҳбат перомуни масъалаҳои зерин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд:
-зарурати риояи низомномаи дохилии донишкада ва низоми таълим;
-аҳамияти ширкати мунтазам ва фаъол ба дарсҳо, ҳамчун шарти асосии муваффақият;
-эҳтиром ба омӯзгор, муҳити таълим ва фарҳанги муоширати донишкадавӣ;
-нақши ҳар як донишҷӯ дар боло бурдани мавқеъ ва мақоми факултет ва донишкада дар назди ҷомеа;
Ҳамзамон, декани факултети металлургия хонум Собирова Шукриниссо таъкид намуд, ки масъулияти тарбиявию ахлоқии донишҷӯён бар зиммаи мураббиёни гурӯҳҳои академӣ буда, онҳо дар рафтор ва гуфтори, тарзи зисту зиндагонӣ ва азхудкунии барномаи таълимии донишҷӯён масъул мебошанд. Таъкид карда шуд, ки масъулиятшиносӣ баҳри омода намудани мутахассисони лаёқатманд ва ватандӯст муҳим буда, иҷрои пурраи талаботи дохилидонишкадавӣ аз ҳар як донишҷӯ қатъиян талаб карда шавад.
Дар интиҳо ба роҳбарони гурӯҳҳо барои назорати доимӣ ва ҳамкорӣ бо донишҷӯён баҳри бедор намудани завқи донишҷӯён ба донишандӯзӣ ва риояи ахлоқу фаросати инсонӣ машварат дода шуд.
Шуъбаи иттилоот


