БОЗДИДИ САЙЁҲОНИ ИТОЛИЯВӢ АЗ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКСТОН

Зимни боздиди шаҳри Бӯстон як гурӯҳ сайёҳони итолиявӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлурии Тоҷикистон боздид намуда, бо имконият ва шароит шинос гардида, ба кори муассиса ва олимони Донишкада баҳои баланд доданд.

Сайёҳони итолиёвиро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, профессор Розиқов Зафар ва дигар сардорони раёсату декану омӯзгорон хуш истиқбол намуда, ба онон аз дастовардҳо, мақому манзалати Донишкада ва имконоти ин муассисаи олии таълимӣ ва ягона дар ҷумҳурӣ гуфтанд.

Сайёҳони итолиявӣ бо як ҷаҳон таассурот ва кайфияти баланд ва сипосгузорӣ аз роҳбарияту ҳайати кормандони Донишкада рафтанд.

Шуъбаи иттилоот