БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ АЗ ФАКУЛТЕТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Санаи 17-уми ноябр ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ва сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ Шербоев Муродҷон аз бинои тозатаъмири факултети зеҳни сунъӣ дидан намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои ободонӣ ба декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳратҷон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Мирбобоев Шӯҳратҷон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани кори факултет, ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ машваратҳо дода, изҳор дошт, ки факултети нави зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав бояд ҳама кораш дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шаваду намуна бошад.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар сохтори идоракунии Донишкада тағйирот ворид карда шуд ва тибқи талаботи замон ихтисосҳои нав факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд.
Тибқи шартномаи байни донишкадавӣ омӯзгорон дар ин факултет аз Донишгоҳу донишкадаҳои Штатҳои муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов