Имрӯз ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз Маркази зеҳни сунъӣ ва технологияи иттилоотии Донишкада боздид ба амал оварда, бо сардори маркази мазкур Шербоев Муродҷон суҳбат намуда, ба ӯ барои анҷоми кори таъмиру таҷдид, беҳтарсозии шароити корӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ёдовар мешавем, ин Маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ аз марказҳои муҳим дар Донишкада ба ҳисоб меравад ва бо дастгирии раёсат ба ҷои нав кӯчонида шуда, шароити беҳтар фароҳам карда шуд.
Таъкид карда шуд, ки нақши маркази мазкур дар пешрафти кори Донишкада хеле муассир мебошад.
Шуъбаи иттилоот

