Имрӯз, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз ҷараёни баргузории олимпиада аз фанҳои физика, химия, забони русӣ ва забони тоҷикӣ дидан намуда, бо донишҷӯён-иштирокунандагон дар олимпиада мулоқот намуд. Муовини аввали ректор Давлатзода Давлатро имрӯз муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ доктори илмҳои техникӣ Ҳоҷизода Саидмуқбил, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон ҳамроҳӣ намуданд.
Давлатзода Давлат аз ҳоли донишҷӯён пурсон шуда, изҳор дошт, ки мо тамоми кӯшишро анҷом медиҳем, то донишҷӯи ғолиб дар олимпиада бо мукофоти баланд қадрдонӣ карда шавад ва минбаъд низ барои рушди шахсӣ мусоидат менамоем. Мавсуф изҳор дошт, ки имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва Шумо донишҷӯён бояд донишу маҳорати худро нишон диҳед, ва барои арзандаи номи баланди донишҷӯйи ғолиб шуданатон талош намоед. Зеро ҳар як ҷаҳду кӯшиши Шумо имрӯз қадрдонӣ мегардад ва барои худатон низ омӯзиши дониш мусоидат менамояд.
Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки агар дар олимпида ширкат намуда, ғолиб оед 6000 сомонӣ ва боз аз ин ҳам зиёдтар маблағ бароятон тақдим карда мешавад ва бояд барои ин талош намоед.
Ҳамчунин, дар ин боздид муовини муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ доктори илмҳои техникӣ Ҳоҷизода Саидмуқбил, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон низ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои дастгирӣ намудани донишҷӯёни донишманд ва аълохон омода ҳастанд.
Шуъбаи иттилоот
