Имрӯз, муовини аввали ректор ҷавони ватандӯст ва маорифпарвар, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олими ҷавону масъулиятшинос дотсент Давлатзода Давлат аз ҷараёни тармими таҷдид ва корҳои ободонӣ дар синфхонаи махсуси бахши идоракунии сифати таҳсилоти Донишкада боздид намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кори бахш, дар сифати баланд анҷом додани корҳои бандубасти техникӣ, васлу насби тамоми дурбинҳои назоратӣ ба масъулин дастуру тавсияҳо дод.
Давлатзода Давлат ҳамчун муовини масъулиятшинос ва ғамхор харҷномаи корҳои ободониву созандагиро пурра сармоягузорӣ намуда, ба масъулин миннатдории раёсати Донишкадаро расонид.
Муовини аввали ректор олими ҷавон ва меҳнатдӯсту масъулиятшинос Давлатзода Давлатро муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ва сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Розиқов Абдусамад ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот

