Боздиди муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз майдони бузурги варзишии донишкада

Имрӯз, тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз майдони бузурги варзишии донишкада боздид намуда, роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ, мусобиқоти гуногуни варзишӣ миёни ҷавонон ва донишҷӯён, таъсиси Ҷоми ректори донишкада барои бозингарони волейбол ва ғайра бо мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии факултети металлургия Илҳомзода Армон суҳбат намуда, масъалаҳои муҳими рушди варзишро баррасӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки дар тамоми чорабиниҳои донишкада,  бояд мусобиқоти варзишӣ  низ гузаронида шавад. Ва ширкаткунандагон бо мукофотҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шаванд.

Муовини аввали ректор Давлатзода Давлатро ҳамчунин, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва дигар омӯзгорон ҳамроҳӣ намуданд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов