Боздиди муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз филиали кафедраҳо дар корхонаҳои саноатӣ

Имрӯз бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати омӯхтан ва пурра маълум намудани ҳолати филиалҳо, шароити имконият ва тамоси мустақим бо роҳбарияти корхонаҳои саноатӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Деҳқонов Дилшод ва мудирони кафедраҳо Раҳимов Ҳаётқул, Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа, Холов Зафар  ва омӯзгор Тоҳиров З.  аз филиали кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ дар назди КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, филиали кафедраи таъмитноти барқ дар назди ҳамин корхона, филиали кафедраи металлургия дар назди корхонаи “Зари Суғд”, филиали кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дар назди Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” дидан намуда, бо масъулон ва коргарони пешгому ин коргоҳҳо мулоқот намуд.

Давлатзода Давлат зимни боздид аз филиали кафедраҳо аз роҳбарияти корхонаҳо дархост намуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳамчунин омода намудани мутахассисони варзидаи соҳавӣ саҳми хешро барои омода намудани кадрҳои ҷавон гузоранд, зеро ҳама пешрафту муваффақият ва дастоварди донишҷӯ аз донишҳои назариявиву амалии ӯ вобаста мебошад…

Ёдовар мешавем, ки ҳар як кафедраи соҳавии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар назди корхонаҳои саноатии вилоят филиали худро дорад ва ин филиалҳо барои гузаштани дарсҳои амалӣ ифтитоҳ карда шудаанд ва бештари дарсҳо дар ин филиалҳо мегузоранд ва дар ин филиалҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.