Имрӯз, бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати омӯзиш ва чораандешӣ муовини муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат бо гурӯҳи корӣ иборат аз муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳидҷон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, директори Донишкадаи Конфутсий Азимов Эмин, декани факултети электромеханика Қозиев Камолуддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадов Гули, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, сардори шуъбаи хоҷагидорӣ Азизов Қурбон аз синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, кафедраҳо дидан намуданд.
Зимни боздид муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз ҳолати синфхонаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба як қатор мудирони кафедраҳо ва деканҳо, ҳамчунин сардори шуъбаи хоҷагидорӣ ҷиҳати саривақт иваз намудани тахтаҳои синфӣ, мизу курсиҳо, овезаҳо, навиштани овезаҳо бо забони тоҷикӣ, риоя қоидаҳои бехатарӣ дастур дода, ба таври фаврӣ иҷро шудани онро талаб намуд.
Мавсуф изҳор дошт, ки тамоми синфхонаҳо бояд таъмиру таҷдид карда шаванд ва донишҷӯ набояд, ки дар вақти дарсхонӣ аз ҳолати синфхона нигарон бошад. Донишҷӯ бояд дарс хонад, маълумоти заруриро гирад, на ин ки аз ҳолати синфхона нигаронӣ намояду нороҳат шавад. Вазифаи асосии мо ин фароҳам овардани шароит мебошад. Бояд беҳтарин шароит фароҳам оварда шавад. Ғамхории мо аз ҳамин намуди бино, шароити мусоид, синфхонаҳои тозаву таъмиршуда ба донишҷӯ оғоз меёбад. Мо, бояд суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд оварда, масъулиятшинос бошем ва бо амри виҷдон содиқона кор кунем.
Дар интиҳо Давлатзода Давлат бо масъулон ҷаласа баргузор намуд ва ҳолатро пурра ба ҳозирин шарҳ дода, ба масъулон ҷиҳати саривақт ва дар кӯтоҳтари фурсат анедшидани тадбирҳо вазифагузорӣ намуд.