Имрӯз, декани факултети металлургия олимаи фаъол, бонуи пешқадам, модари ҳалиму хоксор, зани поквиҷдон дотсент Собирова Шукриниссо аз ҷараёни корҳои ободиву созандагӣ дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани шароит, ободу зебо гардонидани синфхонаҳои таълимӣ ба мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ олими ҷавон, дотсент Саидов Мустафохон машваратҳо дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишкада ба ӯ миннатдорӣ баён намуд.
Корҳои ободониву созандагӣ, таҷдиду тармим дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ яке аз кафедраҳои пешқадам дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, ҳайати профессорию омӯзгории ин кафедра аз беҳтарин омӯзгорон маҳсуб меёбанд.
Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ аз оғози фаъолияти хеш бо беҳтарин корхонаҳои пешқадами кишвар ҳамкориро ба роҳ монда, филиали кафедраро боз намудааст, ки дарсҳои амалиро барои донишҷӯён дар он ҷо омӯзгорон мегузаранд.
Дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ айни замон ба ҷуз омӯзгорону номзадони илм боз 3 доктори илм фаъолият менамоянд.
Шуъбаи иттилоот



