БОЗДИДИ ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪМИРУ ТАҶДИД АЗ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ

Имрӯз, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз ҷараёни таъмиру таҷдид дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ дидан намуда, бо корҳои ободониву созандагӣ шинос шуд.
Қарор аст дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ бо ташаббуси мудири кафедраи мазкур профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил озмоишгоҳи таълимӣ- пажуҳишии нави соҳаи техникӣ таъсис дода шавад.
Дар ҷараёни боздид муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил ҷиҳати иҷрои ин ташаббус изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз номи роҳбарият ҳадяи молиявии хешро дастрас намуд.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ зери роҳбарии профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ба яке аз кафедраҳои пешқадам ва беҳтарин дар Донишкада табдил ёфта, дар он ҳавзаи илмӣ босуръат рушд меёбад.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов