Бахши дуюм ва бақайдгирии донишҷӯён

 Дадохонова Фотима Мансурҷоновна

 Нозири шуъбаи дуюм ва бақайдгирии шиносномадиҳии донишҷуён

 06.02.1979 с.т.,  Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Тел: 92 779 49 24

Суроға: Бинои 2

Шуъбаи дуюм ва бақайдгирии шиносномаҳо 

     Шуъбаи дуюм ва бақайдгирии шиносномаҳо, дар асоси Оинномаи Донишгоҳ, Низомнома ва дастурамали вазифавии шуъба, дастуру супоришҳои Ректори Донишгоҳ ва дигар меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ фаъолият менамояд.

    Дар шуъба 2 нафар корманд: нозири шуъба ва шиносномачӣ кору фаъолият намуда, вазифаҳои асосӣ аз бақайд гирифтани кормандон, донишҷӯён ва омӯзгороне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат доранд; таҳия намудани рӯйхати кормандону донишҷӯёне, ки мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ мебошанд; бо комиссариати ҳарбӣ пешниҳод кардани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз донишгоҳ хориҷ гардидаанд ва ё аз шуъбаи рӯзона ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ гузаштаанд, иборат мебошад.

    Ҳамчунин, дар шуъба доир ба ҳар як донишҷӯ ҳуҷҷат, варақаи шакли Т-2 тартиб дода шуда, дар он ҳар як тағйироти зимни таҳсил дар фаъолияти ӯ рухдода, ки боиси аз даст додани имтиёз мегардад, сабт мешавад. Маълумот доир ба ҳар як донишҷӯ дар ҳолати зарурӣ ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод мегардад. Шуъба дар давраи иҷрои чорабиниҳо дар доираи бақайдгирии ҳарбӣ вазифаҳои зеринро ба зимма дорад:

– Санҷиши мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ҳарбии кормандони нав ба кор омада, дар қайди ҳарбӣ будан ва ба расмият даровардани қайди ҷойи истиқомати онҳо.

– Мунтазам гузаронидани корҳои тавзеҳотӣ дар байни уҳдадорандагони ҳарбӣ ва даъватшавандагон доир ба хизмати ҳарбӣ ва риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ”;

– Пешниҳоди саривақтии маълумот ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявии ҷойи истиқомат доир ба даъватшавандагони аз донишгоҳ хориҷшуда, дар рухсатии академибуда, ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ интиқолёфта инчунин, маҳрумшудагон аз ҳуқуқи озод будан аз даъвати ҳарбӣ бо дигар сабабҳо, барқарор шудани онҳо ба сафи донишҷӯён ва бозгашти онҳо аз рухсатии академӣ;

     Инчунин дар зиммаи мудири шуъба дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ дастрас намудан ва тақсимоти ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом) ба хатмкардагон вогузор гардида, ҷо ба ҷогузории он дар доираи талаботи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.