Бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар донишкада семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон”  баргузор гардид.

Дар семинари мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон ва сардорони шуъбаву кормандону омӯзгорон ширкат намуданд.

Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар, ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи Шерозӣ суханронӣ кард. 

Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи осори пурғановати Ҳофизи Шерозӣ, ҷойгоҳ ва мақоми баланди шеъри ӯ, шуҳрати ҷаҳонии Ҳофиз ва чолишҳои замонаш сухан ронда, изҳор дошт, ки шеъри Ҳофиз ба мисли дигар бузургони тоҷику форс шеъри оламгир мебошаду дар ҷаҳон ҳаводорони хешро дорад. Маҳз дар чанд соли охир зиёда аз 100 маротиба ба нашр расидани “Девон”-и Ҳофиз худ далели маҳбубияту ҷойгоҳаш дар миёни насли башар мебошад. Ҳофиз шоире ҳаст, ки бо ёдрас аз мушкилот боз дар ҷое бо ҳамон як ишорат роҳнамоӣ низ фармудааст. Имрӯз шеъри Ҳофиз ҷаҳонгир аст ва ин ҳам аз бузургиву осори бойи ӯ шаҳодат медиҳад, ҳама мехонанду мефаҳманду эътироф карду аз ин шоир хуш истиқбол намуд. Дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз “Девон”-и Ҳофиз ҳамчун китоби муқаддас нигаҳдорӣ мешаваду мавриди мутолиа қарор мегирад, ки ин ҳам делеле аз маҳбубияти шоир ва ҳам дилбастагии миллати тоҷик ба шеъру адабиёт мебошад…

Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, чанд абёте аз Ҳофиз қироат намуда, ба ҳозирин тафсир намуд, ки аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд. Мавсуф, шеъри Ҳофизро шеъри оламгир ва шоирро орифи беанзир унвон кард…

Баъдан дар семинари мазкур омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Силмонова Сурма дар мавзуи “Мазмун ва ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ”, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 250101 дар мавзуи “Ҳофизи Шерозӣ-шоири ишқу ирфон”, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси заргарӣ Муллоаҳмадшоҳзода Муҳаммадшукур дар мавзуи “Зиндагиномаи Ҳофизи Шерозӣ” ва бо забони англисӣ донишҷӯи бахши якуми ихтисоси зеҳни сунъӣ Ҳакимов Ҷамшед дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи Шерозӣ” баромад намуданд.

Сипас, донишҷӯёни фаъол аз осори Ҳофизи Шерозӣ шеърҳо қироат намуда, чорабиниро рангин намуданд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов