БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНРО БАРГУЗОР НАМУД

Санаи 30.01.2026 дар толори хурди Донишкада зери раисии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимон масъалаҳои тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, таълифи адабиёти илмӣ, рушди илмҳои дақиқ дар Донишкада, иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкада, ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи раёсати таълим ва вазифагузориҳо барои соли 2026, иҷроиши барномаи омода сохтани кадрҳои илмӣ – педагогӣ, интихоби роҳбарони рисолаҳои хатм барои донишҷӯён аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, баррасии иҷроиши дурнамои корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ дар факултети металлургия, низоми кории шуъбаи умумӣ ва назорат, тасдиқи ҳавасмандгардонӣ барои онҳое, ки рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ мекунанд, баррасии вазъи корҳои хоҷагидорӣ ва ободонӣ ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳар як масъаларо бо ҷиддият ва тибқи низнома мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор дошт, ки мо бояд барои рушди Донишкада талош намоем, рисолаҳои илмӣ нависем ва корҳои таҳқиқотӣ анҷом бидиҳем ва бар саноатикунонии босуръати кишвар саҳми хешро гузорем.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимон гузориши сардори раёсати таълим Осими Оқил, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижахон ва сардори шуъбаи хоҷагидорӣ Азизов Қурбон шунида шуд.
Ба ҳар як масъала аъзои Шурои олимон изҳори андеша намуда, барои беҳбудии кор ва рушди соҳа машварат доданд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов