БАРҚАРОРСОЗИИ АККУМУЛЯТОРҲОИ СУРБУ-КИСЛОТАГӢ

Дар замони ҳозира аккумуляторҳо ва батареяҳои онҳо (пайвасти пайдарпай ё паралели онҳо) дар техника ва ҳаёти рузмарраи инсоният аз асбобҳои рӯзгор сар карда то таҷҳизоти коинотӣ васеъ истифода мешаванд. Махсусан нақши онҳо дар техникаи сершумори автомобилӣ назаррас мебошад. Давомнокии кори боэътимоди аккумуляторҳо чун дигар воситаҳои техникӣ аз истифодаи оқилонаи онҳо бо риоя намудани қоидаҳо ва талаботҳои хатмии он сахт вобаста мебошад.

Батареяҳои автомобилӣ барои кор кардани системаи оташгиронӣ дар муҳаррики дарунсӯз ва ҳангоми ба кор андохтани он бо стартер пешбинӣ шудаанд ва ҳамчун манбаи барқ ​​барои таҷҳизоти дар мошин насбшуда хизмат мекунанд. Муҳлати кафолати аккумуляторҳое, ки бо электролит пур нашудаанд, 3 сол, мӯҳлати хизмат 2 сол. Ғунҷоиши хоси батареяҳои стартерӣ 30-40 Вт/кг мебошад.

Ҳангоми истифода дар мошин, заряди батареяҳо холӣ мешаванд ва ба таври автоматӣ пур карда мешаванд. Назорати ин амалро танзимгари шиддат иҷро мекунад. Танзимгари дуруст танзимшуда батареяҳоро аз пуркунии кам ва аз ҳад зиёд пур кардан, ки метавонад мӯҳлати хизмати онҳоро кӯтоҳ кунад, муҳофизат мекунад. Аммо назорати даврии кори танзимкунанда ва аз нав баргардонидани он ба реҷаи мувофиқи ҳарорат ва шароити иқлим зарур мешавад.

Санҷиш ва танзими танзимкунанда дар ҳолати аз 15 В зиёд будани шиддати батарея иҷро карда мешавад. Ҳангоми танзим аз волтметри саҳваш на зиёд аз синфи 1,5 истифода бурда мешавад.

Ҳамчун электролит барои батареяҳои кислотагӣ маҳлули кислотаи сулфат дар оби дистиллат истифода мешавад. Агар ин об дастрас набошад, оби борон ё ҳатто барфи обшударо истифода бурдан мумкин аст. Барои мувофиқ кардан ба шароити гуногуни иқлим ва ҳарорат, ки дар он батарея истифода мешавад зичии гуногуни электролит муқаррар карда мешавад.

Барои тайёр кардани электролит аз пластики тозаи ба кислота тобовар ё зарфи шишагӣ истифода бурда мешавад. Аввал об, пас аз он кислота илова карда мешавад, дар ҳоле ки пайваста бо миллаи ба кислота тобовар омехта мекунанд. Тартиби баръакси иловакунӣ иҷозат дода намешавад. Миқдори тахминии электролит барои пур кардани батареяҳо дар ҷадвалҳо ҳамроҳ бо хусусиятҳои техникии онҳо оварда шудаанд.

Зичии электролит пеш аз ҳама ба консентратсияи маҳлули кислотаи сулфат вобаста аст: консентратсияи маҳлул ҳар қадар зиёд бошад, зичии электролит ҳамон қадар зиёд мешавад. Бо вуҷуди ин, он ба ҳарорати маҳлул низ вобаста аст: дар ҳарорати баландтар, зичии он камтар мешавад.

Барои муайян кардани дараҷаи безарядӣ зичии электролит бо зичии стандартии 1,29 г/см³ муқоиса карда мешавад. Барои аниқ кардани зичии электролит, зичии воқеӣ ва ҳарорат чен карда мешавад. Сипас он ба зичии мувофиқ ба 20°C оваронида мешавад. Зичии ислоҳшударо (дар 20°C) бо зичии тавсияшуда муқоиса карда мешавад. Агар зичии ислоҳшуда аз меъёр камтар бошад, кислота ё электролити зичии баландтар илова карда мешавад; агар зиёд бошад, оби соф (дистиллат) илова карда мешавад.

Барои роҳ надодан ба баланд шудани сатҳи электролит, аввал бояд як миқдор электролит аз батарея гирифта шавад. Баробаркунӣ танҳо дар батареяи пурра зарядгирифта анҷом дода мешавад.

Ба кор андохтани аккумуляторҳои нав (хушк заряднок) бо пур кардани аккумуляторҳо бо электролити зичии 1,29 г/см3 шуруъ карда мешавад.

Агар сӯрохиҳои вентилятсия дар сарпӯшҳо ҷойгир бошанд, онҳоро ё бо дур кардани пардаи пластикӣ ва ё бо буридани нӯги сурохӣ ки пӯшида мебошад кушодан лозим. Агар сарпӯшҳои сексияҳо зермонаки герметикӣ дошта бошанд, онҳоро гирифта партофтан лозим аст. Электролити тайёрро бо ҷараёни хурд то он даме, ки сатҳи электролит ба зери найчаи гардани пуркунанда ё 10-15 мм болотар аз тури муҳофизатӣ расад, пур кунед. Сатҳи электролитро аз болои тури муҳофизатӣ бо найчаи шишагӣ чен кардан мумкин аст. Агар электролит ба болои аккумулятор рехта шавад, онро бо латтаи бо маҳлули 10% аммиаки тар бояд пок карда шавад.

Микдори зарурии электролит барои пур кардани аккумуляторҳо дар ҷадвалҳои шартҳои техникӣ нишон дода шудааст. Чун қоида, вазни хоси электролит бояд на пештар аз 20 дақиқа ва на дертар аз ду соат пас аз пуркунӣ чен карда шавад. Агар вазни хоси электролити батарея пас аз рехтан аз вазни хоси аслӣ бештар аз 0,03 г/см3 камтар бошад, пеш аз насб батареяро бо заряд пур кардан лозим аст.

Агар муддати нигоҳдории батарея аз як сол зиёд набошад ва барои истифода дар ҳарорати на пасттар аз 5°C тайёр карда шуда бошад, пас аз 20 дақиқаи пуркунӣ бо электролит, онро бидуни тафтиши вазни хоси он насб кардан мумкин аст. Батареяе, ки ба кор андохта шудааст, бояд минбаъд тафтиш карда шавад (сатҳ, заряд) ва дар ҳолати зарурӣ пас аз 3-4 рӯз танзим карда шавад.

Батарея вақте заряд мегирад, ки шиддати заряддиҳанда аз шиддати батарея зиёдтар аст. Ҷараёни зарядпуркунии батарея ба фарқи байни шиддати он ва шиддати заряддиҳанда мутаносиби рост мебошад. Муддати вақти пуршавии заряди батареяро аз рӯи ғунҷоиши он ва ҷараёни заряддиҳӣ муайян кардан мумкин аст.

Агар ғунҷоиши батарея C дар вақти t пур карда шавад, он гоҳ ҷараёнро таносуби C/t муайян мекунад. Батареяи ғунҷоишаш 100 A*соат, ки бо ҷараёни 20 А истифода мешавад, дар давоми 5 соат пурра холӣ мешавад.

Мисол: Агар ҳамин батарея бо суръати C/10 пур карда шавад, он гоҳ ҷараёни пуркунии он 100/10 ё 10 А мешавад.

Ҳангоми кор батареяҳо холӣ (разряд) мешаванд ва ба таври автоматӣ бо воситаи контролери махсус аз генератори автомобилӣ пур карда мешаванд. Контролер (ё кӣ пештар реле-регулятор номида мешуданд) шиддати  аккумуляторро дар ҳолати заряди пур нигоҳ медорад.

Камаш дар ду ҳафта як маротиба батареяро аз чангу хок тоза карда, онро бо матои тозае, ки дар маҳлули 10%-и аммиак, карбонати натрий ё хокаи содаи калтсигӣ тар карда шудааст, тоза намудан разряди сатҳи берунаи байни электродҳоро бартараф месозад.

Ҷои пайвасти қутбҳои аккумулятор ва нӯгҳои пайвастиро соле як маротиба тоза намуда бо вазелини техникӣ молида, сӯрохиҳои вентилятсиониро аз ифлосӣ тоза намудан зарур аст.

Батареяе, ки дар зимистон зиёда аз 25% ва дар тобистон зиёда аз 50% холӣ шудааст, бояд бо тезӣ аз манба бо заряд ​​пур карда шавад.

Дар амалия аксари вақт то 90% заряддиҳии тез ва боқимондаашро то пурра пуршавӣ бо роҳи автоматӣ бо суръати суст (ҷараёни кам) иҷро менамоянд.

Чунин воситаи заряддиҳӣ бо маҳдудкунии автоматии шиддат дар расми 1 нишон дода шудааст.

Расми 1. Воситаи заряддиҳӣ барои аккумуляторҳои автомобилӣ.

Ин восита ҷараёни зарядро доимӣ нигоҳ медорад, бо индикаторҳои светодиодӣ дараҷаи зарядгириро нишон медиҳад ва бо расидани шиддати аккумулятор ба бузургии лозимӣ ҷараёни онро қатъ мекунад. Светодиодҳо ҳангоми пур шудани заряди аккумулятор хомӯш мешаванд.

Бо чунин воситаи заряддиҳӣ асбоби ченкунии ҷараён, назорати пур шудани заряд ва камкунии ҷараёни заряд зарурат надорад.

Дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани батарея ва муддати зиёд бо заряди кам истодани он варақахо (пластины) пассив шуда монда аз кор мебароянд. Бо вуҷуди ин, усули барқарор кардани чунин батареяҳо бо истифодаи ҷараёни асимметрӣ (бо таносуби заряд ба разряд 10:1 ва таносуби давомнокии импулс 1:2) маълум аст. Ин усул имкон медиҳад, ки сатҳҳои варақахои батареяҳои кӯҳна фаъол карда шаванд ва батареяҳои нав пешгирӣ карда шаванд.

Дастгоҳи мазкур барои пур кардани батареяҳо бо ҷараёни асимметрӣ низ хизмат мекунад. Он барои истифода бо аккумулятори автомобилии 12 В тарҳрезӣ шудааст ва ҷараёни импулси пуркунии заряд 5 А ва ҷараёни разрядӣ 0,5 А мебошад. Дастгоҳ бо транзисторҳои пуриқтидор ҷараёни зарядро танзим мекунад. Дастгоҳ бо ҷараёни тағйирёбандаи шиддаташ 22 В (амплитудаи шиддат 30 В) кор мекунад. Бо ҷараёни номиналӣ  ​​шиддати батареяи заряднок аз 13 то 15 В (шиддати миёна 14 В) тағйир меёбад. Дар як даври шиддати тагйирёбанда танҳо як импулси ҷараёни заряднок ҳосил мешавад (кунҷи бурриши нимдаври ҷараён α=60° аст). Дар байни импулсҳои заряддиҳӣ бо муқовимат импулси разряд ҳосил мешавад, ки амплитудаи он бо танзимкунандаи ҷараёни разряд муқаррар карда мешавад. Бояд қайд кард, ки ҷараёни натиҷавии пуркунии заряд ​​бояд ба 1,1 маротибаи ҷараёни пуркунии номиналии заряди батарея баробар бошад, зеро резистор ҳангоми заряддиҳӣ бо батарея параллел пайваст карда шудааст. Ҳангоми истифодаи амперметри аналогӣ, он тақрибан сеяки амплитудаи импулси зарядро нишон медиҳад. Схема аз расиши кӯтоҳи симҳои баромадӣ ҳимоя дорад.

Заряддиҳӣ то замони ба амал омадани газҷудошавии тез дар ҳамаи банкаҳо ва бетағйир мондани шиддат ва зичии электролит дар давоми 2 соат, иҷро карда мешавад. Ин ҳолат аломати тамомшавии раванди заряддиҳӣ мешавад. Баъд аз ин зичии электролити сексияҳоро баробар сохта боз 30 дақиқаи дигар заряддиҳиро барои хубтар омехта шудани электролит давом додан лозим аст.

Дар вақти заряддиҳии аккумулятор ҳар замон ҳарорати электролитро назорат намудан зарур мебошад, то ки он аз 50°С боло набарояд. Азбаски ҳангоми заряддиҳӣ гази гидроген ҷудо мешавад, ин амалро дар бинои шамолрас бояд иҷро карда шавад. Кашидани сигор ё оташи кушод хавфи таркиш дорад.

Контроллери Momingstar SHS-10-ин асбоб бо ду намуд истеҳсол мешавад: бо ҷараёни 6 А ва 10 А. Контроллерро бо лавҳаҳои офтобии то 100 Вт (намуди 6 А) ё то 170 Вт (намуди 10 А). Контроллер ҷойҳои пайваст барои сарборӣ ва индикаторҳои светодиодӣ дорад. Намуди он дар расми 2 нишон дода шудааст.

Расми 2. Контроллери заряд барои аккумуляторҳои калон Momingstar SHS-10

Намуди дигари контроллери заряд барои аккумуляторҳои иқтидори калон контроллери Profstar-З0 (бо ҷараёни то 30 А), дар расми 3 нишон дода шудааст.

Абдилламидов Н.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон