
Имрӯз, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтори донишкада, иваз намудани номи кафедраву ихтисосҳо, таъсиси ихтисосҳои нав дар донишкада, ҷалби мутахассисони варзида, таъсиси марказҳои пажӯҳишӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нав, таъсиси Шурои илмӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар аз ҷумла бо муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Штатҳои муттаҳидаи Амрико, Канада, Фаронса, Ҷопон ва ғайра, кушодани факултетҳои муштараки байналмилалӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ масоили пешниҳодгардидаро мавриди баррасӣ қарор дод, ки тамоми аъзоёни Шурои олимон барои ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба сохтори донишкада, якдилона овоз доданд.
Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба ҳар як масъала муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ карда, ба суолҳои аъзои Шурои олимон посухҳои мушаххас дод.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ амалӣ намудани ин барномаро яке аз роҳҳои рушди донишкада унвон кард.
Шуъбаи иттилоот
