Баргузории ҷаласаи Шурои олимон дар донишкада

Имрӯз, тибқи нақшаи кории Шурои олимони донишкада ҷаласаи навбатии Шурои олимон бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар аъзоёни он баргузор гардид. Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда сухан ронда, аз аъзоёни Шурои олимон дархост намуд, ки содиқонаву самимона ба ҳар як масъала баҳогузорӣ намоянд ва пешниҳоду андешаҳои хешро ҳаргиз дареғ надоранд.

Дар ҷаласаи Шурои олимон 16 масъала баррасӣ карда шуд, ки аз рӯи ҳар як масъала масъулон ва сардорони гурӯҳи корӣ суханронӣ намуда, ба суолҳои аъзоёни Шуро посух доданд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ андешаҳои хешро барои рушду пешрафти донишкада пешниҳод намуда, ба баромадкунандагон изҳори миннатдорӣ баён кард.

Шуъбаи иттилоот