Имрӯз дар толори хурди кафедраи коркарди канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ ҷаласаи ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба омодагӣ ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сараввал ҳисоботи муовинони ректорро шунида, сипас роҷеъ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷоннок намудани корҳои илмӣ, гузаронидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ, барқарорсозии озмоишгоҳҳо ва марказҳои касбомӯзӣ, хуб гузаронидани корҳои тарғиботӣ, таъмири синфхонаву утоқҳои нав, тарбияи донишҷӯён дар роҳи меҳандӯстӣ ва садоқат ба Ватан, ҷалби бурсияҳои байналмилалӣ ба Донишкада, густариши ҳамкориҳо бо муасисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани семинару конфронсҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд. Ректори Донишкада ба масъулин вазифагузориҳо намуда, изҳор дошт, ки мо аҳли зиёи кишвар бояд ҷавобан ба ғамхориҳову боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона хидмат намоем ва барои пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем. Мо, бояд донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳандӯстӣ тарбия намоем, то донишҷӯён хубу аъло хонда барои рушди ватанамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин яке аз вазифа ва рисолати аслии ҳар як шаҳрванди соҳибхирад ва садоқатманду баномус мебошад. Мо, бояд ба қадри ин неъмати бузург бирасем ва ҳар лаҳзаи оромиву осудагӣ ва мустақилияти кишварамонро қадр намоем.
Дар интиҳои ҷаласа ба масъулон ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд.
Шуъбаи иттилоот
