Баргузории ҷаласаи раёсат ва муаррифии декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав

Имрӯз дар маҷлисгоҳи хурди донишкада бо ширкати ҳайати раёсат ва идоракунии ДКМТ ҷаласаи навбатии раёсат баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, назорати мактубҳои воридотӣ, ворид намудани тағйирот ба сохтори муассиса, дуруст ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, назорати ҷиддии раванди таълиму тарбия, ҷоннок намудани корпҳои илмӣ ва ғайра аз ҷониби ректори донишкада, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи раёсати донишкада муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон  аз фаъолияти якҳафтаина ва корҳои анҷомдодашуда, ҳисобот дода, нақшаҳои минбаъдаро баррасӣ карданд. 

Сипас, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат фармоиши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ҷиҳати таъсиси факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дар донишкада  ва ҳамзамон декани факултети нав таъйин намудани Мирбобоев Шӯҳратҷон қироат намуда, ба ҳозирин ин рӯйдодро табрик гуфт.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кадри ҷавон ва тозаинтихобшуда Мирбобоев Шӯҳратҷон ҷиҳати садоқатмандона фаъолият намудан ва пешбурди кори факултети нав машваратҳо дода ба ӯ дар иҷрои масъулит барору муваффақият таманно намуд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов