БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ

Имрӯз дар кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургияи Донишкада ҷаласаи назоратии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби довталабон ба Донишкада, нашри адабиёти таълимӣ, навиштани дастуру монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, таҷдиду азнавсозии марказҳои касбомӯзӣ, густариши ҳамкориҳо бо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷоннок намудани кори филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ, ҷоннок намудани корҳои ободкориву созандагӣ дар Донишкада, амалӣ намудани бандҳои нақша-чорабиниҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сухан ронда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, иҷрои стратегияҳои давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки мо бояд барои тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа масъулият ҳис намоем ва ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро дар рӯҳияи масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ, меҳандӯстиву садоқатмандӣ тарбия намоем, то барои рушди Ватани азизамон саҳми арзишманд гузоранд.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Штатҳои муттаҳидаи Амрико, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шуъбаи иттилоот