БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ ДОНИШКАДА ЗЕРИ САРВАРИИ ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ

Имрӯз, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷавони ватандӯст ва маорифпарвар, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.
Дар ҷаласа Давлатзода Давлат роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, назорати ҷараёни таълим, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, баргузории семинару машваратҳо, расонидани ёрии методӣ ба ассистентони ҷавон, густариш додани ҳамкориҳо бо донишкадаву донишгоҳҳои хориҷӣ, ҷоннок намудани кори филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо пажуҳишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, омода намудани донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, қабули саривақтии шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо, риояи интизоми меҳнат, баргузории хонишҳои сиёсӣ ва огоҳ намудани ҷавонон аз ҳаракатҳои даҳшатафкан ва созмонҳои террористиву экстремистӣ, бурдани таблиғоти ҳаёти солим сухан ронда, таъкид намуд, ки мо бояд бо виҷдони солим, садоқати баланди ватандӯстӣ донишҷӯёнро тарбия намоем ва ҳамеша дар вақти иҷрои рисолати касбӣ суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори хеш қарор диҳем.
Ҳамчунин, дар ҷаласа баррасии масъалаҳо сурат гирифта, гузориши сардорони раёсати таълим ва тарбия, деканҳо ва мудирони кафедраҳо шунида шуд.
Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки мо бояд барои тарбияи насли ҷавон, фарзанди мардум масъулияти баланд нишон диҳем, чунки мо дар назди давлату миллат масъулият дорем.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба ҳозирин дастуру супоришҳо дода, иҷроиши бандҳои барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва нақша – чорабиниҳои донишкадавиро талаб намуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов