Дар толори Шурои олимон зери раисии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишкада баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимон масъалаҳои рушди илмҳои дақиқ дар Донишкада, иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкада, тасдиқи харҷнома барои соли таҳсили 2025-2026, иҷроиши барномаи омода сохтани кадрҳои илмӣ – педагогӣ, иҷроиши бандҳои Стратегияи рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, интихоби роҳбарони рисолаҳои хатм барои донишҷӯён аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳар як масъаларо бо ҷиддияти тамом мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор дошт, ки дар ин ҷо то овози дар як аъзои Шӯрои олимон шунида нашавад, андешаи ҳар як узви Шуро ба назар гирифта нашавад, масъала ҳал намешавад. Ба ҳамин хотир мо бояд, барои рушд ва ояндаи Донишкада ҳар як масъаларо самимона ва содиқона баррасӣ намуда, сипас қарор қабул намоем.
Дар ҷаласаи Шурои олимон ҳамзамон, масъалаи қадрдонии аъзои собиқадор, олими нуктасанҷ, шахсияти равшанзамир, инсони бениҳоят самимӣ ва олими сермаҳсул профессор Розиқов Зафар Абдуқаҳҳорович матраҳ гардида, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷониби Консулгарии Федератсияи Русия қадрдонӣ гардидани устодро бо медали “80-солагии саноати атомӣ” табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки саҳми профессор Розиқов Зафар дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат, рушди истеҳсолот, пешбурди саноати атомӣ, ҳифзи амнияти ядроӣ ва тозагии муҳит хеле беназир мебошад.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба профессор Розиқов Зафар медали ҷашниро тақдим намуда, изҳор дошт, ки ҷомеа аз устоди донишманд ва накӯкор профессор Розиқов Зафар Абдуқаҳҳорович умеди калон дорад.
Шуъбаи иттилоот

                                  
                                  
                                  
                                  

