БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ВОЛИДАЙНИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА

Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкада ҷаласаи навбатии Шурои волидайни факултети электромеханика баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолудин, муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Анвар, омӯзгорон ва волидони донишҷӯён ширкат намуданд.
Ҷаласаро декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолудин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи Шурои волидайн, ҳамкориҳои омӯзгорон бо волидайн, густариши ахлоқи миллӣ, баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, таъсиси маҳфилҳои соҳавӣ ва забономӯзӣ, риояи талаботи дохилии донишкадавӣ, давомоти донишҷӯён, баланд бардоштани завқи донишҷӯён ба илмомӯзӣ, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпеша, пешгирии амалҳои хурофотпарастӣ, тамоси доимӣ бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ аз ҷониби волидайн сухан ронда, изҳор доштанд, ки садорати факултети электромеханика талош менамояд, то тибқи барномаву нақша-чорабиниҳои тарбиявӣ таълимӣ, низомномаи муассисаҳои олии кишвар, имконияти Донишкада ва садорати факултет дар тарбияи насли ҷавон ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа саҳм гузорад, лек волидайн низ нисбати тақдири фарзандон набояд бетараф бошанд.
Таъкид карда шуд, ки додани донишу малака ба донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа аз вазифаҳои муҳими мо мебошад ва барои ин дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, дар ҷаласа муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Анвар, мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Ҷалолов Айёмиддин ва дигар омӯзгорон роҷеъ ба ҳолати донишҷӯён, равобити сарпарастони гурӯҳҳои академӣ бо волидайн ва тарбияву ташаккули насли ҷавон суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ба як қатор волидайни донишҷӯёни фаъол Сипосномаи раёсати Донишкада тақдим карда шуд.
Зимни баргузории ҷаласа як қатор волидайни донишҷӯён суханронӣ намуда, ба омӯзгорон ва раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов