
Имрӯз бо супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон бо мудирони кафедраҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, ҷоннок намудани корҳои омӯзишӣ- таҳлилӣ, омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ширкати фаъол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дастуру супоришҳои ректори донишкадаро ба самъи ҳозирин расонида, ҷиҳати суръат бахшидани корҳо, сари вақт иҷро намудани барномаву нақшаҳои корӣ ба мудирони кафедраҳо машварат дод.
Дар ҷаласа ҳамчунин муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон сухан ронда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва андешидани тадбирҳо баҳри баланд бардоштани корҳои илмӣ ба мудирони кафедраҳо супориш дод.
Шуъбаи иттилоот
