БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ СОБИРОВА ШУКРИНИСО

Имрӯз дар толори озмоишгоҳи “Иқтисодиёти рақамӣ”-и факултети металлургия ҷаласаи машваратии декани факултети металлургия яке аз бонувони фаъол ва пешсаф, иқтисодшиноси варзида, олими сермаҳсул дотсент Собирова Шукринисо баргузор гардид.
Дар ҷаласа мудирони кафедраҳо, омӯзгорони фаъол ширкат намуданд.
Ҷаласаро декани факултети металлургия зани фаъол бонуи пешгом дотсент Собирова Шукринисо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, гузаронидани омӯзгорон аз такмили ихтисос дар донишгоҳу марказҳои таълимии хориҷӣ, иҷроиши нақшаҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати таълим, додани ёрии методӣ ба ассистентони ҷавон, навиштани мақолоти таҳлилӣ, баргузории семинару машваратҳо, тарбияи ватандӯстии донишҷӯён иҷроиши саривақтии бандҳои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таълим сухан ронда, ба масъулин оид ба иҷроиши нақша- чорабиниҳо дастуру машваратҳо дод.
Декани факултети металлургия хонум Собирова Шукринисо изҳор дошт, ки таълиму тарбияи ҳар як донишҷӯ аз масъулиятшиносӣ ва садоқати мову Шумо омӯзгорон вобаста аст, ва мо бояд масъулияти баланд зоҳир намоем. Зеро ояндаи миллат аз ҳамин насли ҷавон вобаста мебошад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ омӯзгори ҷавон Бақоев Беҳзод оид ба вазъи таълиму тарбия ва ҳолати иҷроиши барномаҳои соҳавӣ суханронӣ намуд.
Дар фарҷом ҳозирин оид ба беҳбудии соҳа, пешбурди кор ҳамовозӣ нишон дода, ба декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукринисо изҳори миннатдорӣ баён доштанд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов