Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Шаҳрвандро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат қабул намуда, муроҷиати ӯро баррасӣ намуд. Дар қабули шаҳрвандон ҳамзамон муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором, низ ширкат намуданд.
Давлатзода Давлат муроҷиати шаҳрванд Бобоев М.-ро оид ба кор қабул намудан, баррасӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки масъалаҳоро дар доираи қонун дида, ба муроҷиаткунанда ба тариқи хаттӣ посух дода шавад.
Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки тибқи қонун ва масъулияти баланди омӯзгорӣ мо бояд арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, шаҳрвандонро қонеъ созем.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад ва шаҳрвандон метавонанд ба тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот
