БАРГУЗОРИИ ШОМИ МУСИҚӢ ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШКАДА

Дирӯз ба хотири гиромидошти Рӯзи Мавлоно ва тибқи нақшаи шуъбаи кор бо ҷавонон дар хобгоҳи донишҷӯён ба хотири ёде аз шеъру мусиқии ноб, бо ҳам ошно сохтани донишҷӯён, оромиши асаб ва ҳамзамон густариши дӯстиву рафоқат байни ҷавонон дар хобгоҳи донишҷӯён Шоми мусиқӣ баргузор карда шуд.
Донишҷӯён, дар он фаъолона ширкат намуда, ба рақсу шодмонӣ машғул шуда, аз Шоми мусиқӣ хеле шод шуданду ба таври озод хушҳолӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон баргузор карда шуд ва ҳадаф ҳам шодмониву хурсандии донишҷӯёну насли ҷавон мебошад.
Шуъбаи иттилоот