Садорати факултети металлургия дар ҳамҷоягӣ бо қисми маъмурию хоҷагидорӣ шанбегӣ баргузор намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Азизов Қурбон иттилоъ дод.
Пас аз пурра тозаву озода намудани қитъаи ҷудошуда бар факултети металлургия дар он ҷо аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон ниҳолҳои ороишӣ ва арчаҳои ҳамешасабз шинонида шуд.
Дар шанбегӣ декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Азизов Қурбон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Шуъбаи иттилоот

