БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ ДАР ХОБГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дар хобгоҳи донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии фарҳангӣ ва тарбиявӣ баргузор карда шуд, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷойгоҳи Артиши миллӣ дар давлатдории муосир, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, изҳор дошт, ки таҷлил аз ин рӯз ин ёдоварӣ аз намоди мардиву шуҷоат ва ҷавонмардиву далерӣ, ҳифзи марзу буми Ватан мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин суханронӣ намуданд.
Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҷавонони ансамбли “Ҷилои ёқут”-и Донишкада бо фарогирии суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва тарбиявӣ манзури бошандагони хобгоҳ гардонида шуд.
Ҳамзамон барои болидахотирӣ ва бедор намудани завқи ҳозирин мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд, ки ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот