Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Зан-сарвар намунаи ибрат ва роҳнамои насли ҷавон” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар занону бонувон баргузор гардид.
Семинари илмӣ-амалиро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дотсент Аминзода Мавлуда ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи чорабинӣ, нақши зан-модар дар ҷомеа суханронӣ намуд.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро бо иди баҳору Рӯзи бонувонро табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола рӯзи модарон бо тантанаву шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад ва ин пеш аз ҳама аз мақому мартабаи зан-модар шаҳодат медиҳад. Занони баору номуси тоҷик ҳамеша дар тарбияи насли меҳандӯсту хештаншинос саҳми арзанда мегузоранд, ки бо ҳамин далел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста талош менамоянд.
Ҳамин аст, ки дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боре таъкид намуда, чунин андешаронӣ карда буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Дар ҳақиқат занони баору номуси миллат борҳо исбот намудаанд, ки метавонанд дар баробари мардон барои ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ намоянд…
Ҳамзамон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба нақши занони омӯзгор ва саҳмгузор дар соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид дошт, ки бонувони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат саҳми арзанда доранд ва ҷомеа ин хидматҳоро ҳаргиз фаромӯш намесозад…
Сипас, дар чорабинӣ ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ профессор Назира Ғаффорӣ дар мавзуи “Саҳми модарон ва бонувони тоҷик дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол”, собиқадори хизмати давлатӣ Марҳабо Сайфуллоева дар мавзуи “Модар-сулҳофар”, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза дар мавзуи “Зан-модар чароғи хонадон, пояи давлат ва офарандаи ҳаёт”, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Ҳафиззода Фарзона дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди илму маориф”, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм Холова Фахринисо дар мавзуи “Мақоми зан аз нигоҳи дин дар ҷомеаи муосир” маъруза намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои ёқут” барномаи рангини фарҳангӣ манзур карда шуд.
Баъдан, дар чорабинӣ мубоҳисаву тавсияҳо аз ҷониби бонувони фаъол сурат гирифт. Ба як қатор бонувони фаъол ва таъсиргузор дар ҷомеа Сипосномаи раёсати ДКМТ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
