
Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақшаи кории раёсати таълим ва дастури муовини аввали ректор Давлатзода Давлат семинари таълимӣ- методӣ дар мавзуи “Тартиби истифодаи маҷаллаи гурӯҳ ва омодасозии нақшаҳои инфиродии омӯзгорон” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур сардори раёсати таълим номзади илмҳои техникӣ Осими Оқил баромад намуда, мавзуъро шарҳ дод ва аз тартиби муқарраргардида, иштирокдоронро огоҳ намуд. Мавсуф, таъкид кард, ки риояи ҳатмии низомномаву дастурамалҳо барои пешбурди раванди таълим мусоидат хоҳад кард.
Дар семинари таълимӣ -методӣ зиёда аз 70 нафар омӯзгорон ширкат варзида, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи мавзуъ мулоҳизаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки минбаъд семинару нақшаҳо тибқи супориши роҳбарияти донишкада барои расидан ба ҳадафҳои баланд аз сари нав таҷдиди назар карда мешавад.
Ёдовар мешавем , ки ташкили чунин семинарҳо бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаҳо ҷиҳати баланд бардории сифати таҳсилот дар муассисаи олии таълимӣ хеле муҳим мебошад.