Баргузории семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Самаранокии неругоҳҳои барқии офтобӣ”

Имрӯз дар толори хурди Донишкада бахшида ба 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Самаранокии неругоҳҳои барқии офтобӣ” баргузор гардид.

Дар семинари имрӯза ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин, декани факулетети металлургия Раҳимзода Шукринисо, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.

Семинарро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барнома ва маърузаҳо, истифодаи панелҳои офтобӣ, рушди илму техника, омода намудани мутахассисони соҳаи барқ, корбурди озмоишгоҳҳои муосири соҳавӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамоми шароит барои омода намудани мутахасисони соҳаи барқ фароҳам оварда шудааст. Мавсуф таъкид намуд, ки  айни замон истифода аз усулҳои гуногуни коркард ва истеҳсоли барқ истифода намудан бар манфиати кор буда, дар ин самт бояд корҳо ҷоннок карда шавад.

Ҳамзамон дар семинари имрӯза профессори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ  Умарҷонов Абдусафо дар мавзуи “” ФАБЛАБ-муҳаррики иқтисодиёти рақамӣ”, дотсент Абдуллоев Икром дар мавзуи “Ислоҳоти низоми сиёсии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ассистенти кафедраи таъминоти барқ Ёқубов Фахрулло дар мавзуи “Баҳодиҳии захираҳои офтоб дар манзилҳои истиқоматӣ” маъруза намуданд.

Таъкид карда шуд, ки истеҳсол ва истифодаи панелҳои офтобӣ барои ҳосил намудани барқ хеле муфид буда, дар шароити феълӣ ва иқтисоди бозаргонӣ айни муддао мебошад.

Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси факултети электромеханика баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот