
Имрӯз, дар толори хурди донишкада семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба “Солҳои рушди саноат 2021-2026” бо ширкати муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ва дигар олимону кормандон баргузор гардид.
Семинарро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба саноатикунонии босуръати кишвар сухан ронда, изҳор дошт, ки саҳми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар саноатикунонии босуръати мамлакат бояд хеле бориз бошад. Зеро мутахасисони варзида маҳз адр Донишкадаи мо омода карда мешаванд ва мо омӯзгорон низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар ин самт саҳми арзандаи хешро гузорем…
Ҳамчунин, дар семинар сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯза, омӯзгори кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Ҷалолов А.Ф., омӯзгори кафедраи корҳои нафту газ Почоев А.А. дар мавзуоти мухталифи самтӣ баромад намуда, муфассал мавзуро матраҳ сохтанд. Омӯзгорону кормандон дар баррасӣ фаъолона ширкат варзида, роҷеъ ба мавзуъ суолҳо дода, ҳамзамон пешниҳодҳои хешро иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур аз ҷониби факултети корҳои кӯҳӣ баргузор карда шуд.