БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ

Имрӯз дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ- шоир ва мутафаккири тоҷику форс, фарзанди башар, вассофи андешаи волои инсонӣ, хирадгарои беназири ҷаҳонӣ, чорабинӣ баргузор карда шуд, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ нахуст мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон суханронӣ намуда, роҷеъ ба осори гаронбаҳои Мавлоно, шӯҳрати ҷаҳонии шоир ва мутафаккир, ақидаҳои аҳли тасаввуф ва фалсафаи ирфонӣ, ҷойгоҳ ва мақоми Мавлоно дар адабиёти ҷаҳон, шинохти Мавлоно дар арсаи байналмилалӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки Мавлоно ягона шоире ҳаст, ки таваҷуҳи аксари бузургони оламро ба худ ҷалб намуда, дар осори хеш ваҳдату ягонагӣ, дунёи имрӯзу фардо ва асли ҳастии инсонро бо равиши хос баён доштааст. Мавлоно аз бузургтарин шоирону орифони мост, ки осораш ба беҳтарин забонҳои дунё тарҷима шудаву то ба имрӯз мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дорад…
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Силмонова Сурма дар мавзуи “Таъсири ашъори Мавлоно бар адабиёти Ғарб”, омӯзгори ҳамин кафедра Тоҷибоева Манзура дар мавзуи “Тарҷумаи осори Мавлоно бо забони англисӣ ва хидмати шарқшиносони англис” маъруза намуда, андешаҳои ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.
Дар интиҳо донишҷӯён аз осори Мавлоно қироат намуда, хотири ин бузургмарди Шарқро гиромӣ доштанд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов