БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ БО ШИРКАТИ МЕҲМОНОНИ ОЛИҚАДР ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии бо ширкати  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолзода Миршакар Саид, муовини раиси вилояти Суғд Қурбонзода Суҳайлӣ, раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Нуруллозода Фирӯза ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ Рӯзи дониш таҷлил карда шуд. 

Дар маҷлисгоҳи калони донишкада, ки ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён ширкат доштанд нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи дониш табрику таҳният гуфт ва роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолияти инсон ва вобастаии ӯ аз мактабу маориф сухан гуфта, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва баланд гардидани сифати таҳсилот доим таъкид менамояд ва ҳамасола барои аз маориф дур намондани насли наврас садҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ бунёд мекунанд, ки ин ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Илму дониш инсонро аз ҷаҳолат наҷот медиҳад, инсонро ба қсад мерасонад ва илму дониш инсонро месабзонад ва ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим мегӯянд: “Танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад”. 

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз дастовардҳои донишкада ёдовар шуда, иброз дошт, ки имсол Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дастовард ва комёбиҳои зиёд дошт ва дар оғози соли таҳсил профессори донишкада Ҳоҷизода Саидмуқбил аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ин фоли нек ва дастоварди беназир мебошад. 

Вазифаи мо ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин тарбия намудани мутахассисони варзида ва ватандӯсту меҳнатдӯст ва содиқ ба касби худ мебошад. Омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи саноат ин саҳмгузории мо барои рушди Ватан мебошад. Ба ҳамин хотир мо бояд бештар ҳаракат намоем, то донишҷӯёни мо дар ҳама соҳаҳои саноат аз беҳтаринҳо бошанд!

Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Қурбонзода Суҳайлӣ номаи табрикотии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, ҳамагонро ба Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, ба ҳамаро барор ва хониши хубу аъло таманно намуд.

Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолзода Миршакар Саид номаи табрикотии раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ Файзали Идизодаро манзури ҳозирин гардонида, ҳамагонро ба Рӯзи дониш табрику гуфта, ба донишҷӯёну омӯзгорон дар оғози соли нави таҳсил хониши аъло, пешрафту муваффақият таманно кард. 

Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Нуруллозода Фирӯза суханронӣ карда, ҳамагонро ба оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандии комил ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас сулҳу суботи поянда ва Истиқлоли ҷовидонӣ таманно дорам! Зимни суханронӣ муҳтарам Нуруллозода Фирӯза  чунин изҳор дошт: “Мусаллам аст, ки мову шумо дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир умр ба сар бурда истодаем, ки ҳар гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои мухталиф фаро гирифтааст. Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ мо бори дигар баён менамоем, ки ҷонибдори сулҳу субот ва оромӣ дар манотиқи олам буда, амалҳои носолими террористиву эктремистиро қатъиян маҳкум менамоем ва тавассути донишу фарҳанги миллии худ бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза мебарем.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ характери умумимиллӣ пайдо намуда, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён ва устодону омӯзгорони арҷманд гардидааст.
Бинобар ин, имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки сулҳу субот, оромиву амнияти ҷомеа ва пойдории ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди нодир даврони соҳибистиқлолӣ ҳифз намуда, ҷиҳати таҳкими он тамоми нерӯи худро равона созем. Зеро ваҳдати миллӣ самараи талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буда, дар давлатдории навини мо чун гавҳари нодир эътироф гардидааст.
Воқеан, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ яке аз дастоварди беназир дар таърихи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он мондагор аст”.

Ҳамзамон дар маҷлиси тантанавӣ меҳмонони олиқадр ба панҷ нафар хатмкардагони донишкада Дипломи аъло тақдим намуданд ва ба омӯзгорон Тоҷибоева Манзура ва Ҷалолова Зӯҳро унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ба декани факултети корҳои кӯҳӣ, ки баъди Сорохон Юсупова дуюмин зани тоҷик аст, ки  доктори илм дар соҳаи геология гардидааст, Самадова Гули Мирҷоновна  димломи аъзои Академияи байналмилалии илмҳои экология ва бехатарӣ  тақдим карда шуд. 

Зимни баргузории ҷаласа сардори раёсати таълим Осими Оқил номаи табрикотии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро  ба самъи ҳозирни расонида, аҳли донишкадаро ба Рӯзи дониш табрику таҳният гуфт.

Дар фароварди маҷлис ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кулли донишҷӯёну омӯзгорон дар омӯзиш ва таҳсил, таълиму тарбия комгорӣ таманно намуда, қайд намуд, ки ҳама гуна заҳмат қадр карда мешавад ва ҳеҷ як заҳмату талош бе подош намемонад. Мавсуф изҳор дошт, ки мо бояд ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба касби интихоб намудаи хеш содиқ бошем ва барои пешрафти меҳан садоқат нишон диҳем.