Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ олимпиада аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони англисӣ ва забони русӣ баргузор карда шуд.
Дар олимпиадаи фаннӣ донишҷӯён аз факултаҳои металлургия, электромеханика, корҳои кӯҳӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав ширкат намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таълим ба ҷуз ба забони давлатӣ боз забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст ва қисме аз донишҷӯён ба забони чиноӣ низ дарс мехонанд.
Донишҷӯёни Донишкада дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ маҳорати баланд доранд.
Шуъбаи иттилоот

                                  
                                  
                                  
                                  