Дар толори китобхонаи Донишкада даври якуми озмуни “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид. Дар озмун ҳайати роҳбарикунанда, кормандон ва донишҷӯёну унвонҷӯён ширкат намуданд.
Чорабиниро муовини декани факултети электромеханика Холова Фахринисо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи озмун, шарт ва тарзи баргузорӣ, вақт ва ҳайати доварон суханронӣ намуд. Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳӣ муовини ректори оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза ва сардори раёсати таълим Осими Оқил суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши “Шоҳнома”, аҳамияти илмиву адабии ин шоҳасари безавол ва мақоми Фирдавсӣ ҳамчун шоири ҳамосасаро ва посдорандаи пораи таърихи миллӣ гуфта гузаштанд.
Изҳор доштанд, ки тақдими “Шоҳнома”-асари безаволи ҳаким Фирдавсӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ қадами бузургест дар роҳи хештаншиносӣ ва дарки амиқи хотираи таърихи миллат. ..
Таъкид карда шуд, ки баргузории озмуни “Шоҳномахонӣ” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои дарёфти истеъдодҳо, дӯстдорони шеъру адаб ва ҳамзамон ҷавонони ватандӯсту хештаншинос роҳандозӣ шуда, тибқи нақша ва номинатсияи Озмун тамоми кормандону донишҷӯён метавонанд фаъолона ширкат намоянд.
Дар даври аввали озмуни “Шоҳномахонӣ” донишҷӯёну унвонҷӯён ва магистрантон фаъолона ширкат намуданд.
Шуъбаи иттилоот


