Тибқи барномаи тасдиқнамудаи раёсати донишкада, шуруъ аз санаи 22.10.2025 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳафтаи тарбиявӣ ва густариши ахлоқ оғоз гардид.
Дар оғози барномаи мазкур ҷиҳати риояи либосҳои тавсиявӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, риояи одобу ахлоқ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ дар факултетҳои электромеханика ва металлургия хонишҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
Дар факултети электромеханика, ки яке аз беҳтарин факултетҳои донишкада ба ҳисоб меравад ва донишҷӯёни ин факултет дорои одобу ахлоқи баланд мебошанд, хониши сиёсӣ бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳидҷон, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Анвар ва мутахассиси шуъбаи тарбия Ҷалолов Айёмиддин хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот


