Имрӯз, дар факултети металлургия бо супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мулоқоти муовинони ректор бо ҳайати профессорию омӯзгории донишкада баргузор гардид. Дар мулоқот муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ва декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо суханронӣ намуданд.
Нахуст муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба омӯзгорон ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд намуд, ки заҳмату талошҳои Шумо омӯзгорон ҳаст, ки имрӯз донишҷӯён бо сари баланд ба ин ҷо меоянду меомӯзанду рафта бар давлату миллат хидмат намуд. Дар факултети металлургия донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои хеле зарурӣ ва муҳим барои саноатикунонӣ таҳсил менамоянд, ки ин ҳам моро муваззаф месозад, то бештару зиёдтар барои муваффақ шудани донишҷӯён талош намоем.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар мулоқот ҳамзамон роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таълим, иҷроиши саривақтии супориши роҳбарият ва садорати факултет, тарбияи маънавии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, истифодаи технологияву таҷҳизоти муосир дар раванди таълим, гузаронидани озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ташкили маҳфилҳои муштараки забономӯзиву касбомӯзӣ, таъсиси филиалҳои кафедра дар назди корхонаҳои саноатӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки мо бояд ҷавононро аз рӯзҳои аввал ба касби ояндааш шинос намуда, аз ҳоло ба ҷараёни кор омода созем.
Гуфта шуд, ки хатмкардагони факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мисли дигар хатмкардагони муваффақамон дар беҳтарин корхонаву ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ вазифаҳои баландро соҳиб шуда, роҳбарӣ менамоянд ва ин бурди мо омӯзгорону кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад. Ва муваффақияти хатмкардагони мо ин натиҷаи заҳматҳои пай дар пайи ҳар як омӯзгори содиқу дилсӯзи донишкада мебошад…
Давлатзода Давлат дар фарҷоми суханронии хеш ҳамчунин ба собиқ декани факултети металлургия устод Шамсиддинов Шӯҳратҷон ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва содиқонаву ғамхорона изҳори сипосмандӣ баён намуд.
Ҳамчунин, дар мулоқоти имрӯза муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон суханронӣ намуда, роҷеъ ба беҳбуд бахшидани корҳои тарбиявӣ, дар назорат гирифтани донишҷӯён аз ҷониби сарпарастони гурӯҳ ва барқарор намудани тамоси доимӣ бо волидайни донишомӯзон чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд.
Декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, нақшаву барномаҳои кории факултет, ба роҳ мондани корҳои назоратӣ, иҷроиши саривақтии нақшаи таълим, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ сухан ронда, таъкид кард, ки ҳар як лаҳзаи заҳмати софдилонаву содиқонаи мо ин муваффақияту сарбаландии ояндаи ҳар як донишҷӯи факултет мебошад.
Зимни баргузории мулоқот омӯзгорон суханронӣ намуда, ба роҳбарият изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Дар интиҳо муаллимаи арҷманд, бонуи фаъол декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо ба ҳозирин изҳори сипосмандӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ҳаракат мекунем, то беҳтарин мутахассисони соҳаро тарбия намоем ва тамоми шароити заруриро баҳри донишҷӯён ҷиҳати донишандӯзӣ дар факултет муҳайё месозем.
Шуъбаи иттилоот
