БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО ХАТМКУНАНДАГОН

Имрӯз дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи дастури муовини аввали ректор Давлатзода Давлат сардори раёсати таълим Осими Оқил бо хатмкунандагон мулоқот намуд.
Дар чорабинӣ сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой ва омӯзгорону хатмкунандагон ширкат намуданд.
Чорабиниро сардори раёсати таълим Осими Оқил ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади мулоқот, иҷроиши барномаи таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои дипломӣ, роҳхат ба корхонаҳои саноатӣ суханронӣ намуд. Мавсуф масъалаи гузаронидани таҷрибаомӯзии пеш аз хатмро махсус таъкид намуда, изҳор дошт, ки хатмкунандагон метавонанд, дар корхонаҳои бо Донишкада ҳамкор ва корхонаҳои саноатии Федератсияи Русия, ки бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, аз таҷрибаомӯзӣ гузаранд.
Ҳамчунин, дар мулоқот роҷеъ ба саривақт навишта корҳои дипломӣ, дидани омодагии ҷиддӣ ба имтиҳоноти хатм, саривақт супоридани маблағи шартномаи таҳсил деканони факултаҳо профессор Қозизода Камолиддин, дотсент Раҳимзода Шукринисо ва Маҳмудов Ҳасанбой суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ба хатмкунандагоне, ки бо хоҳиши худ пас аз хатми Донишкада ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвандад, аз ҷониби Вазорат сабукиҳо дода мешавад. Вале, дар як хатмкунанда бояд аз ҳозир барои хатм омода бошад.
Дар интиҳои ҷаласа хатмкунандагон ба масъулин суолҳо дода, ба солҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тамоми хатмкардагони ин боргоҳ саривақт бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд. Айни замон аз ҷониби ширкати саноатӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ барои омода кардани мутахассисони сатҳи баланд 18000 нафар фармоиш дода шудааст.
Ҳар як хатмкунандаи Донишкадаи аллакай ҷойи корӣ дорад ва ӯро дар истеҳсолот интизор ҳастанд.
Ин ҳам як равиши хоси корбарии Донишкада мебошад, ки барои хатмкунандагон ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Шуъбаи иттилоот