Баргузории маҳфили навбатии “Навовар”

Имрӯз, дар кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ маҳфили навбатии “Навовар” баргузор гардид. Дар маҳфил мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон, муовини декани факултети электромеханика Кенҷаев Шӯҳрат, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Холов Зафар, омӯзгори ҳамин кафедра Хоҷамов Санъатшо ва донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд. Мавзуи  навбатии маҳфил  “Раванди истифодабарии дастгоҳҳои пармакунанда дар корхонаҳои кӯҳӣ” буда, зери роҳбарии омӯзгори фаъол Хоҷамов Санъат донишҷӯён маърӯза намуданд.

Дар маҳфил ҳамчунин мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон, муовини декани факултети электромеханика Кенҷаев Шӯҳрат, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Холов Зафар ва омӯзгори ҳамин кафедраЮ роҳбари маҳфил Хоҷамов Санъатшо суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақшаву барномаҳои маҳфил ва маърузаи донишҷӯён изҳори андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Навовар” аз фаъолтарин маҳфили кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ буда, дар он бештар масоили мошинсозӣ, технологияҳои нав, истифодаи роботҳо, формулаҳои нави соҳавӣ ва истифодаи мошинҳои муосир дар саноати кӯҳкорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода мешавад.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов