Баргузории маҳфили илмӣ-тарбиявии донишҷӯёни кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

Имрӯз, дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ бахшида ба 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён маҳфили илмӣ-тарбиявӣ дар мавзуи “Рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шӯҳратҷон, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯза, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз ва дигар омӯзгорони фаъоли кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ширкат намуданд. 

Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон суханронӣ намуда, номаи табрикотии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ба самъи ҳозирин расонид, ва баъдан роҷеъ ба муҳимияти истиқлолият, дастовардҳои даврони истиқлол, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, иброз дошт, ки дар оғози ба даст овардани истиқлолият барои миллати тоҷик мушкилоте зиёде пеш омад, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, балое буд, ки анқариб давлати тоҷиконро ба нобудӣ барад ва маҳз мардонагиву шуҷоатмандӣ, ҷоннисориву талошҳо, хиради баланди сиёсии фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистони тоза истиқлол касб намуда, аз нобудиву ҷаҳолат раҳонида шавад. Хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳ, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди устувори Тоҷикистон басо бузург мебошад. Зеро маҳз талошҳову кӯшишҳои ин абармарди арсаи сиёсат сабаб гашт, то Тоҷикистон кулли ҷаҳон шиносад ва истиқлолияташро эътироф намояд.

Сипас, Мирзозода Воҳидҷон ба роҳбарияти факултет ва ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ба донишҷӯён барои баргузор намудани чунин як чорабинии сатҳи баланд изҳори сипос гуфт.

Ҳамзамон, дар чорабинии имрӯза донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот Абдусами Ғафуров дар мавзуи Нақши сиёсати иқтисодии Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, донишҷӯи бахши чоруми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат Раҳматова Муҳаббат дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ-рамзи расидани мардуми Тоҷикистон ба зиндагии шоиста” маърӯза намуданд.

Сипас, дар чорабинӣ донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар бораи дастовадҳои истиқлолият ва саодати миллат суханронӣ намуданду донишҷӯёни ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат дар васфи Ватан ва Истиқлолият суруду тарона қироат намуданд.

Дар фарҷом декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шуҳратҷон ҳамагонро ба ин санаи ҳумоюнӣ табрику таҳният гуфта, ба омӯзгорони фаъол Собирова Шукриннисо ва Саидов Мустафохон барои ташкил ва баргузор намудани ин чорабинӣ изҳори сипос гуфт.