
Имрӯз, тибқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ маҳфили донишҷӯёни доимамалкунандаи «Ал-ҷабр» дар утоқи Озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни кафедра ширкат намуданд. Маҳфилро мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаву нақшаҳои маҳфил, фаъолмандии донишҷӯён, пешбурди кори маҳфил ва ворид намудани тағйирот ба кори маҳфили мазкур сухан ронда, ба донишҷӯён дар кори маҳфил барору муваффақият таманно намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни баргузории маҳфили “Ал-ҷабр” омӯзгорони фаъоли кафедра Ашӯров Хайриддин ва Норбобоева Гулмира суханронӣ карда, масъалаҳои матраҳшавандаро дар маҳфил шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамзамон дар маҳфили имрӯза донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси 400301 Назарзода Муҳаммадиқбол дар мавзуи «Статистика Титаника» бо ёрии барномаи Python, ва донишҷӯи бахши 1 ихтисоси 400301 Ҳакимов Ҷамшед дар мавзуи «Биноми Нютон» баромад намуданд. Дар рафти маҳфил донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, мавзуъҳоро бо маҳорати баланд мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳо аз ҷониби омӯзгорон ба донишҷӯёни фаъол изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.