БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРИИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон машварати кории роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба оғози соли нави хониш баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, сараввал ҳайати нави роҳбариятро, ба тозагӣ аз ҷониби вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидаанд, ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, ба собиқ муовинон профессор Насриддинов Замониддин ва профессор Аминҷонова Мавлудахон изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз кори эшон тавсиф намуд.
Ҳамчунин, дар ин ҳангом ба ин ду нафар собиқадорон ҳамчун рамзи эҳтиром ва сипосмандӣ ҷомаву тоқӣ ва гулдастаҳо тақдим карда шуд.
Сипас, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар, баланд бардоштани сифати таълим, ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯён, тарбияи дурусти насли ҷавон, роҳнамоии донишҷӯён ба соҳаи илм, ҷалби донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ машварат дода, изҳор дошт, ки мо бояд ҳар як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафти меҳан талош намоем ва мутахассисони варзидаи соҳаро тарбия кунем. Мақсаду мароми мо ин содиқона хидмат намудан ба давлату миллат аст. Имрӯз, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро фароҳам овардаанд ва мо бояд ин ҳама ғамхориҳоро ба инобат гирифта, барои пешрафти Ватанамон содиқона хидмат намоем. Аз ҳамин рӯз оғоз намуда, бояд дар фикри тарбияи дурусти донишҷӯён бошем, ва фарзанди мардумро ҳамчун фарзанди худ тарбия кунем. Донишҷӯ набояд, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон эҳсоси камбудӣ кунад, зеро мо бояд ҳар лаҳза аз ҳоли донишҷӯён огоҳ гардида, дар шароити зарурӣ мусоидат намоем. Давлату миллат бар мо бовар кардааст ва мо бояд садоқатмандона масъулияти хешро иҷро намоем.
Дар умум ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба тамоми масъалаҳои мубрам сухан ронда, дар сатҳи баланд иҷро намудани онро тақозо намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, ҷорӣ намудани навгониҳо дар бахши таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон, эҳтироми ҳамдигар, тарбияи дурусти донишҷӯён, таъмини донишҷӯён бо китобҳои бадеии электронӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, насби таҷҳизоти муосир, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани донишҷӯён сухан ронда, изҳор дошт, ки мо бояд суханони ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба касби хеш содиқ бошему масъулиятшинос. Равандҳои муосир моро маҷбур месозад, то масъулияти бештар ҳис намоему насли баркамолро тарбия кунем, то барои дурахшонии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ва сардори раёсати таълим Осими Оқил суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор омӯзгорони фаъол Сипосномаи раёсати донишкадаро тақдим намуд.