БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ МОШИНРОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМАТ БОДО, ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОН!” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ “МАЪРИФАТ”-И ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Дар роҳпаймоӣ намояндагони воломақоми Кумитаи иҷроияяи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин, декани факултети металлургия Собирова Шукринисохон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой ва  омӯзгорони ватандӯст бо автомобилҳои худ фаъолона ширкат намуданд.
Аксияи мазкур бо ибтикори раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот