БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ ПРОФЕССОР РОЗИҚОВ ЗАФАР АЗ ФАННИ ЭКОЛОГИЯ

Имрӯз, дар синфхонаи 327 дарси намунавии профессор Розиқов Зафар аз фанни экология баргузор гардид. Профессор Розиқов Зафар, ки яке аз олимони барҷаста ва фаъолу шинохта ҳастанд дар мавзуи “Таъсири омилҳои экологӣ ба саломатии инсон”, ки аз мавзуоти муҳим аст, сухан ронда, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи мавзуъ изҳори андеша намуда, муфассал мавзуро ташреҳ дод.

Дар дарси намунавии профессор Розиқов Зафар сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Мирсаидова Фирӯза, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ дотсент Собирова Шукриниссо ва дигар мудирони кафедраву омӯзгорон, сардори бахшу шуъбаҳо ширкат намуданд.

Ширкаткунандагон атрофи мавзуъ ва раванди дарс мулоҳизаронӣ намуда, андешаҳои ҷолиби хешро ироа намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи раёсати таълим дар донишкада дарсҳои намунавӣ баргузор карда мешавад ва ҳамаи ин тадбирҳо барои баланд бардоштани сифати таълим равона карда шудааст.

Шуъбаи иттилоот

📝М.Саидов