Баргузории дарси кушоди Ҳамроев Гулназар

Имрӯз, дар варзишгоҳи калони донишкада дарси кушоди омӯзгори калони кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Ҳамроев Гулназар баргузор гардид. Дар дарси кушод Ҳамроев Гулназар аз имконияти мавҷуда истифода намуда, ба донишҷӯён мавзуро шарҳ дода, ба онон тарзи тарбияти баданро нишон дод. Дар дарси кушод мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Илҳомзода Армон ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.

Омӯзгорон ба тарзи дарсгузарӣ ва шарҳи мавзуъ аз ҷониби Ҳамроев Гулназар баҳои баланд дода,  изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот