Баргузории дарси кушоди устод Хӯҷамов Санъатҷон!

Имрӯз, дар кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ дарси кушоди омӯзгори фаъоли ҳамин кафедра Хӯҷамов Санъатҷон аз фанни “Равандҳои хурдшавии ҷузъиёти мошинҳо” баргузор гардид. Омӯзгор мавзуро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дода, роҷеъ ба технологияи мошинсозӣ дар шароити муосир, истифода аз металҳои гуногун дар саноати мошинсозӣ сухан ронда, аз таҷрибаи миллии мошинсозӣ маълумот дод. 

Дар дарси кушоди омӯзгор Хӯҷамов Санъатҷон мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ  Туев Шоҳин, сардори шуъбаи БИСТ Юсупов Хуршед, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, омӯзгорони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Дӯсталиев Сарвар, Ҳоҷибоев Домуллоҷон, Қобилов Валӣ ширкат намуда, ба тарзи дарсгузарӣ ва шарҳи мавзуи омӯзгор Хӯҷамов Санъатҷон баҳои баланд доданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали раёсати таълим дарсҳои кушод дар ҳама кафедраҳо гузаронида мешавад.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов