Баргузории дарси кушоди профессор Муҳидинов Қувомиддин

Дар синфхонаи 312-уми кафедраи фанҳои  умумитехникии факултети  электромеханика дарси кушоди омӯзгори фаъол профессор Муҳидинов Қувомиддин аз фанни “Масолеҳшиносӣ ва ТМК”  дар мавзуи “Деформатсияи пластикӣ ва чандирӣ дар металлҳо” баргузор гардид.  Дар дарси кушоди профессор Муҳидинов Қувомиддин муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ  Воҳидов Аҳрор, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Раҳматов Абдумавлон, омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ  Одинаев Ғаюр ва дигар омӯзгорон ширкат намуданд.

Дар ҷараёни тадрис аз ҷониби омӯзгор Муҳидинов Қ. усулҳои фаъоли таълим истифода бурда шуд, ки дарсро хеле шавқовар ва ҷолиб намуд. Ба тарзи дарсгузарӣ ва ташреҳи мавзуъ аз ҷониби омӯзгори фаъол ва пешгом Муҳидинов Қувомиддин баҳои баланд дода шуд.

Дар интиҳои дарс муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, ба тарзи дарсгузарии омӯзгор, истифода аз усулҳои мухталиф ва ҷолибу хотирмон баҳои баланд дода, Муҳидинов Қувомиддинро ҳамчун омӯзгори ботаҷриба ва собиқадор тавсиф намуда, ба ӯ барои дарсгузарӣ баҳои баланд дода,  таҳсин хонд.

Шуъбаи иттилоот